(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар назди истгоҳи марказии хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд маросими ба фаъолият оғоз намудани ширкати хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши "Як таксӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ва роҳбари ширкати “Як таксӣ” Исматулло Ҳакимов ва ронандагону сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати “Як таксӣ” 130 адад нақлиёти мусофиркаш вориди бозори хизматрасонии шаҳри Хуҷанд гардид, ки аз он 30 ададашро электромобили тамғаи «BYD E2» ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки то охири сол боз якчанд адад мошини дигар низ вориди шаҳри Хуҷанд гарданд.

Таъкид шуд, ки хизматрасониҳои техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо намуди дигари сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтарин талаб намуда, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр интиқолдиҳии бемамониат, сатҳи пасти садо ва сафари бароҳат муҳайё менамояд.

Ширкат нақша дорад, ки ояндаи наздик дар тамоми қаламрави мамлакат шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ ҷорӣ намояд. Дар вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан аллакай чунин нукта таъсис дода шудааст ва рўзҳои наздик аз ҷониби ширкат дар шаҳри Хуҷанд низ нуқтаи пуркунии захираи барқ ифтитоҳ карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки электромобили тамғаи «BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Автомобилро метавон дар хона низ бо неруи барқ таъмин намуд. Дар ин ҳолат барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт зарур аст, ки арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо қувваи барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар намуд.

Автомобилҳои батареашон аз 30 то 47 киловатт дар 40-45 дақиқа ва батареашон аз 40 то 87 киловатт — дар 1,5 соат захира гирифта, бо ин захира мошин метавонад то 600-700 километр масофаро тай кунад.

Батареяи зарфияташ 30-47 киловатт дар нуқтаҳои зудпуркунанда 20-30 сомонӣ ва батареяҳои зарфияташон бештар — 40-45 сомонӣ арзиш доранд.

Батареяҳои ин модел 1,2 млн км кафолат дошта, аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунанда ба онҳо аз 5 то 10 сол кафолат дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, кишварҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир мекунанд.

Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.

Нақлиёти мазкур аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ вобаста ба арзиши истифодаи қувваи барқ дар муқоиса бо воситаҳои нақлиётие, ки дигар намуди сӯзишвориро истифода менамоянд, бартарӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, дар як сол хароҷоти истифодаи қувваи барқ дар электробус ва электромобилҳо 27,5 фоизи хароҷоти нақлиёти бо дигар намуди сӯзишвориҳо фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.

Арзиши электромобили тамғаи BYD E2 –аз 20 то 23 000 доллари ИМА (бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи харид) муайян гардидааст. Электромобилҳо тариқи лизинг ва ё қарз низ фурўхта мешаванд.

Нархи хизматрасонӣ барои масофаи то 2,5 км 10 сомонӣ муайян шудааст. Масофаи боқимондаро барномаи ширкат ҳисоб менамояд. Ширкати "Як таксӣ" ронандагонро низ ба кор қабул менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд