(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба муносибати 70 солагии собиқадори соҳаи сохтмон, шахсияти шинохта ва номвари шаҳр Муҳаммадҷон Мамадҷонов маҳфил баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Бахтиёр Боқизода меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба соҳибҷашн ироа доштанд.

Таъкид шуд, ки заҳматҳои шоёни Муҳаммадҷон Мамадҷонов дар соҳаи сохтмон, тарбияи ҷавонон хеле калон буда, шогирдонашро дар рўҳияи инсондўстӣ, меҳнатдўстӣ, муҳаббату садоқат ба Ватану халқ тарбия намудааст. Имрӯзҳо шогирдони бешумораш дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона заҳмат кашида, барои ободӣ, пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузошта меоянд.

Мавсуф барои меҳнати бисёрсолаи пурсамар, ҳиссаи арзанда гузоштан дар ҷодаи тарбияи насли ҷавон, мутахасисони соҳаи сохтмон бо якчанд Ифтихорномаҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанду Кўлоб, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар ҷараёни маҳфил ҳамкорон ва шогирдони Муҳаммадҷон Мамадҷонов низ баромад намуда, аз хислатҳои нек ва омўзандаи мавсуф нақл намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Муҳаммадҷон Мамадҷонов 1-уми августи соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-бинокор ва Институти политехникии Ўзбекистонро бо тахасуси ташкилотчии сохтмон хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнаиашро ба ҳайси меъёргари Дастаи сайёри механиконидаи №33-и трести сохтмони вилояти Суғд оғоз намуда, то ба вазифаи роҳбари ин ташкилоти вилоятӣ расидааст.

Моҳи июли соли 1997 муовини Раиси вилояти Суғд, соли 2006 директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ўҳда дошт. Аз моҳи декабри соли 2006 то янвраи соли 2009 дар вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти пурсамар намуд. Аз моҳи марти соли 2009 то соли 2016 ба ҳайси диреткори генералии КВД «Суғдобсохтмон» кор кардаааст.

Муҳаммадҷон Мамадҷонов дар сохтмони иншооти бузурги аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи Корхонаи коркардаи тилло дар шаҳри Панҷакент, заводҳи гидрометалургӣ ва химиявӣ дар шаҳри Исфара, Комбинати коркарди маъдан дар ноҳияи Айнӣ, Комбинати қолибофӣ дар шаҳри Гулистон, Иттиҳодияи «Хуҷандатлас», бинои асосии масчиди Шайх Маслиҳатдин, муҷассамаи Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят ва Қалъаи Хуҷанд саҳми арзанда гузошта, дар ин иншоот ҳамчун сардори ситоди сохтмон фаъолити пурсамар дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд