(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода мулоқоти муовини сардори Раёсати назорати замини Прокуратураи генаралии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири адлияи дараҷаи якум Искандар Раҳматов оид ба «Вазъи қонунгузории замин ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт» бо масъулини дахлдори соҳаи замин ва танзими он, аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, нозирони минтақавии милитсия, кормандони кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳр, аъзои комиссияи интихоб ва тақсимоти қитъаи замин дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вохўриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки баррасии масъалаи мазкур рўзмарра буда, аз ҳар як масъулин баҳри пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи замин масъулиятро тақозо менамояд ва дар ин самт бояд корҳо ҷоннок ба роҳ монда шаванд.

Муовини сардори Раёсати назорати замини Прокуратураи генаралии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири адлияи дараҷаи якум Искандар Раҳматов оид ба «Вазъи қонунгузории замин ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт дар шаҳри Хуҷанд» иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Барои ғасби худсаронаи замин ва сохтмони худсарона дар он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон таҷрибаҳо собит месозанд, ки истифодаи оқилонаи замин аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба замин, ки рушди ояндаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии онро ба танзим медарорад, вобастагӣ дорад.

Номбурда аз ҷумла қайд намуд, ки бо айби бархе масъулин дар баъзе ҳолатҳо талаботи қонунгузории замин риоя нагардида, ҳангоми додан, вобаста кардан, аз як гуруҳ ба гуруҳи дигар гузаронидан ва дигар масъалаҳои вобаста ба замин ҳуҷҷатҳои беасос ва ғайриқонунӣ таҳия гардида ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва заминистифодабарандагон поймол мегардад.

Аз ин лиҳоз ба кормандони кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайиманқул» дастур дода шуд, ки бо дасту дили пок ва софдилона ба манфиати давлату Ҳукумат кор кунанд ва аз ҳар гуна қонуншиканиҳо парҳез намоянд. Ҳангоми таҳия ва омода намудани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, махсусан парвандаҳои заминсозӣ оид ба ҷудо ва ё вобаста намудани қитъаҳои замин бо масъулияти баланд муносибат намуда, дар ягон ҳолат ба хотирбинӣ, иҷрои супоришҳои ғайриқонунӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо роҳ надиҳанд. Ҷинояту қонунвайронкуниҳои марбут ба истифодаи мақсадноки заминро дар марҳилаи аввалияи он дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот пешгирӣ ва бартараф намоянд.

Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода масъулини дахлдор доир ба мавзуъи матраҳшуда пурсиш карда шуда, аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки вазифаи хизматӣ ва фаъолияти рўзмарраи хешро танҳо дар доираи қонун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат ва хизмати содиқона ва холисона ба мардум сафарбар намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд