(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат расонида мешавад, ки санаи 29-юми июли соли равон соати 18:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангию адабии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Дар ин тадбир ҳамчунин намоиши бошукуҳи ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои шаҳри бостонии Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки аз таърихи гузаштаи ин шаҳри қадимаи тоҷикон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он бозгӯӣ мекунад.

Ҳунармандони маъруфи шаҳри Хуҷанд, навозандагони мумтоз барномаи бошукуҳи консертиро манзури иштирокчиён мегардонанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд