(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар қатори дигар шаҳрвандон номзади пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мавсума Муинӣ низ ба участкаи интихоботии №13, ки дар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, бо аҳли оила ва пайвандонаш ҳозир шуда, ба номзади арзандаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда раъи худро доданд.

Дар участкаи интихоботии мазкур иштироки фаълонаи мардум чун дар дигар участкаҳои интихоботӣ ба чашм расида, сокинон бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, озодона дар сандуқи интихоботии шафоф овоз доданд.

Бояд қайд намуд, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ субҳи имрӯз оғоз ёфт. Дар шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ 1 ҳавзаи якмандатӣ, 64 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, барои ҳар як участка рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд