(0 овоз, миёна 0 аз 5)

150 нафар сокини шаҳри Хуҷанд соҳиби замин шуданд.Бахшида ба 20 – умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳаллаҳои 14 ва 15-ум ба 150 нафар сокинони маркази вилоят қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Баъди суханони муқаддимавии Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси вилояти Суғд бо лоиҳаи маҳаллаи бунёдшаванда  шинос шуда, бо сокинон мулоқот орост. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо шаҳрвандон Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар партави сиёсати Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола теъдоди зиёди сокинон соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мегарданд ва вазъи иҷтимоии шаҳрвандон сол аз сол беҳтар мегардад. Раиси вилоят ҳамзамон ҳамаи онҳоеро, ки дар ин рӯз имкони беҳтар намудани шароити манзили зистро пайдо намуданд, табрик намуда, қайд намуд, ки сокинони соҳиби замин шударо зарур аст, ба тарҳи сохтмонии биноҳои бунёдшаванда эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки сокинон бо бунёди манзилҳои истиқоматии замонавӣ маҳаллаи навбунёдро ба як мавзеи ободу сарсабзи шаҳри Хуҷанд табдил хоҳанд дод.
Баъдан сокинон тариқи қуръакашӣ макони ҷойгиршавии қитъаҳои замини худро муқаррар намуданд.
Дар баробари ин ба роҳбарияти шаҳр дастур дода шуд, ки ба соҳиби манзилгаштагон лоиҳаҳои беҳтарини меъмориро пешниҳод карда барои сохтани манзилҳои замонавӣ мусоидат намоянд.
Дар мавзеи мазкур бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ аз қабили муассисаҳои таълимӣ, беморхона,марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.