(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи томактабии №22-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабинии муштараки қисми мустақили 23-юми Ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии отшнишонӣ оид ба муҳофизати ва шуъбаи маорифи шаҳр байни МТТ №22 ва №29 чорабинии профилактикии оташнишонии комплексии озмуни “Калидчаи заррин” гузаронида шуд.

Дастаҳои “Сипеҳр” ва “Хуршед”-и муасссисаҳои томактабии номбурда шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирӣ намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқуллода ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим якчанд шартҳоро иҷро намуданд.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, аз нақб гузаштан, ҳаво додани тӯб ба сабад, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни дастаҳои «Сипеҳр» ва «Хуршед бо даст овардани холҳои ягона дӯстӣ ғалаба намуд.

Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро намояндагони Хадамоти отшнишонӣ, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияту мураббиёни кӯдакистонҳои №22 ва №29 мушоҳида намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар кӯдакистонҳо ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, ба воситаи он дар тинати кӯдакон тарбия намудани тарзи ҳаёти солим, ҷусту чолокӣ, далерӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ, шуҷоат, пуртоқатӣ ва матонатро талқин менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд