(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар мулоқот раёсати комиссияи ҳавзавии интихобот, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Мавсума Муинӣ, Мавлуда Асророва, Мунзифа Пӯлодова, шахсони боэътимоди номзадҳо ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Илҳом Саидов, раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 вохӯриро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҳавзаи мазкур се нафар номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабти ном гардидаанд ва имрӯз бо интихобкунандагон аз маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Сирдарё”, Сайҳун” ва “Дӯстии халқҳо” вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Сипас, номзадон ба вакилӣ: Мавсума Муинӣ, Мавлуда Асророва, Мунзифа Пӯлодова ва шахсони боэътимоди онҳо ба сухан баромада, муҳтавои барномаи пешазинтихоботиашонро муаррифӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи ҳамагон ободу хуррам гардонии ҳудуди ҳавза, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати фаъолияти соҳибкории хурду миёна, беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии сокинон ва ба зиндагии шоиста ноил шудани аҳолиро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд