(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Муассисаи таълимии давлатӣ Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар мулоқот раёсати комиссияи ҳавзави интихобот, номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Мавсума Муинӣ, Мавлуда Асророва, Мунзифа Пӯлодова, шахсони боэътимоди номзадҳо ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок доштанд.
Илҳом Саидов, раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 вохӯриро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҳавзаи мазкур се нафар номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабти ном гардидаанд ва оғозан аз имрӯз бо интихобкунандагони хеш силсилаи мулоқотҳоро анҷом мебахшанд.
Сипас, шахсони боэътимоди номзадҳо ба сухан баромада, номзадҳоро муаррифӣ намуданд ва зикр доштанд, ки ҳадафи аслӣ ва маҳаки асосии барномаҳои пешазинтихоботиро ободу хуррам гардонии ҳудуди ҳавза, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати фаъолияти соҳибкории хурду миёна, беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии сокинон ва ба зиндагии шоиста ноил шудани аҳолӣ ташкил медиҳад.
Номзади пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мавсума Муинӣ баромад намуда, нахуст миннатдориашро ба фаъолону аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои пешбариаш ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагон ва барои дастгирии ҳамаҷониба ба Пешвои муаззами миллат расонида, роҷеъ ба ҳадаф ва нақшаҳои минбаъдаи хеш дар сурати интихоб шудан ба ҳайси вакил манзури иштирокдорони мулоқот гардонид.
Таъкид гардид, ки ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати интихоб шуданам тамоми нерӯ, дониш ва истеъдодамро дар роҳи татбиқи амалии дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфарбар менамоям. Барои вусъат бахшидани ҳунарҳои миллӣ ва ба шуғли доимӣ таъмин намудани занону ҷавондухтарон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ кӯшиш хоҳам кард. Иштирок дар ҷараёни қабул ва амалигардонии қонунҳо оид ба пешрафти соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳрро дар Маҷлиси намояндагон рисолати асосии вакилии худ ҳисобида, дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ муваффақ гардидан ва мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор саъй меварзам.
Дар ҷараёни мулоқот Бахтиёр Исматҷонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз иштирокдорони мулоқот даъват ба амал овард, ки номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ Мавсума Муиниро дастгирӣ намоянд.
Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати қувваи сиёсии бузурги кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти шиори ”Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” сарчашма гирифта, фарогири тамоми самтҳост. Дар Барномаи номзади пешбаринамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди афзалиятноки соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаҳои стратегии марҳалаи нав арзёбӣ мегарданд.
Сипас миёни интихобкунандагон ва номзадҳо атрофи мушкилӣ ва роҳҳои он саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ғайр аз ин аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода варақаҳои тарғиботӣ ба интихобкунандагон тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 16-уми июли соли равон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 интихоботи вакил баргузор мегардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд