(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо ташаббуси шуъбаи хифзи муҳити зисти шахр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд тибқи супориши Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо ҷалби кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, ҷавонону варзишгарон, кормандони муассисаҳои варзишии шаҳр аксияи тозагии соҳил гузаронида шуд.

Ҳашарчиён асосан ду тарафи соҳили дарёи ""Сир" ва ҷӯйборҳоро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо ва алафҳои худруй тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 500 нафар иштирок намуда, дар тозаву хуррам ва ба ободонии шаҳр саҳмгузорӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон алалхусус ҷавонону варзишгарон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд