(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва қисми низомии 0235 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии мнияти миллии Чумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, афсарону сарбозонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон табрик намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва тамоми хизматчиёни ҳарбиро таҳният гуфта, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки давлат барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст ва диловарони Ватан бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд.

Чун анъана барои афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд