(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМардуми шарафманди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштагӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ Иди Қурбонро таҷлил намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масчиди Шайх Маслиҳаддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҳозиринро бо Иди Қурбон таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки Иди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, барҳақ таъкид намудаанд:
«Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад».

Аз ин лиҳоз, ба ҳамдигар дасти хайру саховат дароз кардан, дастгирии ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан чун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дӯстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад. Бахусус, дар шароити имрӯзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ бо истифода аз ин фарҳанги бузурги исломӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо истифода аз ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми неруи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем.

Имрӯзҳо дар вилоят давраи ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулот идома дорад ва моро зарур аст, ки барои пурнозу неъмат гардонидани дастархони аҳолӣ самаранок заҳмат кашем ва дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бештар талош варзем.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки сокинони вилоят таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд