(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИДИ ҚУРБОН - ИДИ ШАФҚАТУ ҒАМХОРӢ

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рўзгор ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

Боиси сарфарозист, ки мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, саъйю талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол намуда истодааст. Зеро ба шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро дар байни афроди ҷомеа густариш диҳем.

Воқеан ҳам, хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислати инсонӣ буда, аз фазилатҳои Иди Қурбон маҳсуб меёбад. Ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар арафаи ин иди суннатӣ даҳҳо ҳамдиёрони мо - маъюбону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кўдакони ятиму бепарастор бо маводи озуқаву кўмакҳои моддӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон бояд хотирнишон созам, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар даҳҳо нафар аз ҳамшаҳриёни мо ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд, ки қаблан ин амал мушкилиҳо дошт.

Чунонки аз таълимоти дини мубини ислом бармеояд, мо бояд сабру таҳаммулро пеша кунем, ба фардои зиндагӣ нек-бинона назар намоем ва фарзандони хешро низ дар ҳамин рўҳия тарбия кунем.

Дар замони муосир бо номи дини ислом гурўҳҳои иртиҷоии ҷаҳон амалҳои зиштро ба роҳ мондаанд ва барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии ин раванд мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳем, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоем ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода идома бахшида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон саҳми босазои худро хоҳад гузошт.

Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек, бори дигар, шумо, ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Иди Азҳо, иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон хушҳолии рўзгор, дастархони пур аз нозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат ва файзу баракати бепоёнро таманно менамоям.

Идатон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!