(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

СУЛҲУ ВАҲДАТРО ПОЯНДА МЕДОРЕМ

Ҳамшаҳриёни азиз!

Барои миллати тоҷик Рўзи ваҳдати миллӣ санаи муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, бо гузашти солҳо арзиши он бамаротиб меафзояд, зеро дар айёми ҷаҳонишавии босуръат, фақат бо ҳамдиливу якмаромӣ, ватандориву садоқати бемонанд ба Ватани маҳбуб - Тоҷикистони азиз, мо метавонем ваҳдати миллии хешро мустаҳкаму қавӣ гардонем ва ба наслҳои оянда онро расонем. Дар партави сиёсати ваҳдатоину созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар роҳи рушду тараққиёти бонизом қарор дорад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо сол аз сол рушду нумўъ дорад ва вилояти Суғду шаҳри бостонии Хуҷанд дар қатори аввали ин пешравиву тараққиёт қарор гирифтааст. Бунёди корхонаву муассисаҳои саноатӣ, гулгашту хиёбон, иншооти таъйиноташ гуногун, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ҳама бозгўи онанд, ки Ватани мо ба ҳадафҳои пешгузоштаи хеш ноил гардида истодааст ва ба мардум зина ба зина зиндагии шоиста муҳайё мешавад.

Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамбастагию шукргузорӣ аз Ватани соҳибистиқлол, аз ин неъмати бузург - сулҳи бебозгашти тоҷикон, аз ваҳдати миллиамон, хонаи умумии хеш - Тоҷикистони пешрафтаро бо меҳнати сидқидилонаву садоқати бепоён ҳифз мекунем, тамоми қувваву нерўи хешро ба он равона месозем, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам устувор созад.

Ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор ҷашн гирифтани Рўзи ваҳдати миллӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд даҳҳо тадбири созанда ва ояндабинона амалӣ шуда истодааст, ки хуҷан- диёни меҳнатқарин барои сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри азиз ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Мафҳумҳои Истиқлолият, Тоҷикистони обод, Сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ бо ҳам тавъаманд ва онро ҳифз намудану муқаддас доштан, вазифаи виҷдонии ҳар нафари фардосоз аст.

Кулли ҳамватанон, хуҷандиёни азизро бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ, бо ин санаи фархунда - Рўзи ваҳдати миллӣ муборакбод менамоям. Бигузор ҳамеша осмон софу беғубор, сулҳу субот пойдор, офтоби зиндагӣ дурахшон ва ваҳдату ҳам-диливу ҳаммаромии тоҷикон абадӣ бошад.

Иди ваҳдати миллӣ муборак, азизон!