(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳайати меҳмонони шаҳри Липетскро, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд омаданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода меҳмононро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Роҳбарияти олии давлатҳои Тоҷикистон ва Русия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаем.

Таъкид шуд, ки таҳкиими ҳамкориҳои минтақавии ин ду кишвари стратегӣ бозгўйи густариши пайваста мебошад.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки шаҳри Хуҷанд дорои зарфиятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро дорост. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки меҳмонон баъди ошноии пурра аз имконоти мавҷудаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои саноат, савдою хизматрасонӣ ва сайёҳӣ саҳм мегузоранд.

Ирина Артёмова, муовини Раиси шаҳри Липетск аз пазироии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз сафари ҳайат дар баробари иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ҳамзамон дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ, истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ва тақвияти ҳамкориҳои минтаъдаи шаҳрҳои Хуҷанду Липетск мебошад.

Тибқи нақша имрӯз ҳайати меҳмонони Липетски Федерастия Руссия аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва атрофи он шинос мегарданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд