(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt23 июни соли 2023 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо ҳузури меҳмнони зиёди дохилу хориҷӣ маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар намоишгоҳ меҳмононро аз Федератсияи Россия, Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушдро ба Суғди бостон ва шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона мусоидат мекунад.

Тазаккур дода шуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат рушди соҳаҳо таъмин гардида, ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногуни олам дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Дар мамлакат барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳо фароҳам оварда шуда, ташкили чунин намоишгоҳҳо қадами устуворе дар роҳи таҳкими рушди муносибатҳо аст. Ташрифи 500 нафар меҳмонону соҳибкорон ва тоҷирон худ гувоҳи он аст, ки мақоми Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» сол аз сол баланд гардида, он барои дарёфти шарикони рушд ва бозорҳои нав, амалисозии тарҳҳои муштарак ва ҷалби сармоя хизмат мекунад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу сайёҳӣ маълумот дода, омодагии вилояти Суғдро барои тақвияти ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои хориҷи дуру наздик изҳор дошт.

Сипас, меҳмонон аз Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ садҳо корхонаҳои саноатӣ ва навоҳии кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба маъраз гузоштанд.

Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» давоми рӯз ва 24 июн низ идома ёфта, дар доираи он ташкилу баргузории як қатор форуму конфронсҳо ва суҳбату мулоқот дар назар дошта шудааст.