(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд.

Тибқи низомнома, озмун аз рӯи номинаҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ дар се давр сурат гирифта, дар он нафарони аз 12 то 40-сола иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадафи озмуни мазкур- дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад. Баргузории мазкур ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидани беҳтарин оҳангу ҳунари сарояндагӣ, навозандагӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамеояд.

Ҳамин тавр, дар озмун аз руйи номинаҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ 58 нафар иштирок намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ба тасвиб расид, тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот аз ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур иборат мебошад. Тибқи он имсол дар озмун на танҳо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони дорои қобилияти баланди эҷодӣ, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.

Таҳти назорати қатъии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин озмун Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, ба ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд