(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхорихои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мактабу маориф, илму маърифат, таълиму тарбия ба хамагон мисли офтоб рӯшан аст. Зеро, илму маориф омили асосии саодати миллат ва баыои ҷовидонагии халыу давлат аст.

Бе инкишофи илму маориф ва таълиму тарбияи шоиста, таъмини пешравӣ ва шукуфоӣ дар ҷомеа номумкин аст. Ниёгони сарбаланди мо илму донишро бузургтарин сарвати зиндагӣ ҳисобида ганҷи хирадро аз ҳама ганҷхои дигар воло шумурданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола Олимпиадаи хонандагон ба мақсади дарёфти беҳтарин толибилмон гузаронида мешавад. Мо баҳри он саъю талош менамоем, ки беҳтаринҳоро муайян намоем ва онҳо дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ шаҳри азизамонро муаррифӣ намоянд. Боиси хушнудии ҳар яки мост, ки агар бо қиёс ба солҳои пешин иштирок ва дастоварди хонандагони шаҳри Хуҷандро аз назар гузаронем, мебинем, ки чойҳои намоёни сол то сол зиёд шуда истодааст. Агар соли 2021 – 90 ҷойи ифтихори дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, соли 2022 – 116 ҷойи ифтихорӣ ва дар соли соли 2023 – 141 ҷойҳои ифтихорӣ ба даст оварда шуд.

Сипас хонандагони синфҳои 5-6, 9-10, ки дар дарви ҷумҳуриявӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд