(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таълимии Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ба номи Сироҷиддин Тоҷибоеви шаҳри Хуҷанд марҳилаи шаҳрии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид ва аз миёни 3 нафар довталабони асосӣ мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 13-и шаҳри Хуҷанд Насиба Олимова мақоми аввали озмунро ба даст овард.

Дар озмуни мазкур мураббияҳои МТТ №28-и шаҳр Азиза Қаҳҳорова, кӯдакистони “Дилоро” Мавлуда Абдуқодирӣ ва МТТ№13 Насиба Олимова довталабони асосӣ буданд.

Мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Ҳисоботи эҷодии фаъолият”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд.

Ҳамин тавр, бо гирифтани холи аз ҳама баланд мураббияи МТТ №13-и шаҳри Хуҷанд Насиба Олимова мақоми аввалро дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи сол” соҳиб гардид.
Насиба Олимова минбаъд дар даври вилоятии озмуни «Мураббияи сол» маҳорати хешро хоҳад санҷид.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд