(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд тибқи супоориши Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормнадони КВД "Истифодабарии манзили соҳили чап"-и шаҳр дар маҳаллаҳои шаҳр ҳашари тозагии миҳити зист гузаронида шуд.

Ҳашарчиён асосан дар атрофи хонаҳои баландошёна, ҷӯйборҳоро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 200 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳо ду атрофи шоҳроҳи "Истиқлол"-ро низ тозаву хуррам ва ба обонии он саҳмгузорӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд