(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзии муассисаи таълимӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Моҳияти таҷрибаомӯзии пеш аз дипломӣ барои омода намудани мутахассисони миёнаи касбӣ" ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори конфронс ҷонишини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ Сайфулло Саидов, муовини директор оид ба таълим Фируза Холматова доир ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар Паёми солонаи хеш оид ба вазъи донишандӯзии муҳассилини Коллеҷҳои тиббӣ баён доштанд, изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки як ҷузъи муҳими баланд бардоштани малакаю маҳорати касби интихобнамуда, ин дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии омўхташуда мебошад, ки донишҷўён зимни гузаронидани таҷрибаомўзӣ аз он бояд фаровон истифода намоянд.

Ҳамчунин дар рафти конференсия аз ҷониби донишҷӯён малакаҳои амалӣ оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ бо маҳорати баланд нишон дода шуд.

Дар анҷоми конфронс ба донишҷӯёне, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ фаъолона ширкат варзиданд, сипосномаи маъмурияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.