(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо вазъи кунунии шиногоҳи соҳили дарёи Сир шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақт мегузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз вазъи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаффосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ киштие барои хизматрасонии мардум пешниҳод карда шуд, ки дар як вақт то ба 20 нафар мизоҷон хизматрасонӣ менамояд.

Роҳбари вилоят зимни суҳбат бо мардуми маҳалли шиногоҳ омада, иттилоъ дод, ки бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум чунин мавзеъҳои истироҳатии мавсимӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин барои кӯдакон ҳавзҳои сунъӣ сохта мешаванд. Шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ мегардад. Зеро нури офтоби Тоҷикистон беҳтарин василаи табобат барои шаҳрвнадони хориҷӣ арзёбӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шиногоҳ ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар шиногоҳ майдонҳои истироҳату фароғат низ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ ташкил ва мардум машғули бозӣ буданд.

Бояд қайд намуд, ки дар шиногоҳ соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд