(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи давлатии таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» оғоз гардид, ки дар рӯзи аввал зиёда аз 70 нафар ғолибони даври мактабии муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамот донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ, аз ҷумла донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он, қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд ва донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик муайян карда карда баҳогузорӣ намуданд.

Дар ҷараёни озмун Фирӯза Нурллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуда, з ҷумла афзуд, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад. Озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Масъулони баргузории озмун — вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиби ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

Ғолиби даври шаҳрии озмун дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштирок хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд