(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПагоҳ, яъне санаи 1 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона доир мегардад.

Дар чорабинии идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, ятимони кулл, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо ва кӯдакони хушбахти замони Истиқлол иштирок менамоянд. Дар идгоҳ озмуну маҳфилҳои гуногун ташкил гардида, қаҳрамонони афсонаҳо шодишарики кӯдакон мегарданд.
Чорабинии идона соати 8-00 оғоз мешавад ва сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд бо фарзандони худ дар он иштирок намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд