(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа муносибати ҷашнҳои умумимиллии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бо маром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз иншооти сохташудаистодаи ҷашнӣ аз наздик шинос гардиданд.

Нахуст аз рафти сохтмони иншооти дар ҳудуди варзишгоҳи 20 солагии Истиклолияти шаҳри Хуҷанд Маркази диллерии «Тойота» ва Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» бунёдшудаистода ошноӣ пайдо карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тойота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи «Тойота» ва қисмҳои эҳтиётии он дар ин маркази савдо фурўхта мешавад.

Аз ҷониби ҶДММ «Хонаи ман» бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, минбаъд аспобу техникаи маишии барои хона лозим дар Маркази савдои фирмавии "Хонаи ман» бо нархҳои дастрас фурўхта мешавад. Маркази савдо аз таҳхона ва ду ошёна ибора буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум лавозимоти рўзгор ва маишӣ фурўхта мешавад, дар ошёнаи дуюм барои фароғату бозии кўдакон фарзандони харидорон «Олами бачагон» сохта ба истифода дода мешавад.

Таъкид шуд, ки ин марказҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ташкил шуда, минбаъд доираи фаъолияташон густурда ба роҳ мешавад. Шаҳрвандон дар он малакаи баланди касбӣ, муомилаву муошират бо мизоҷон, услуби корбарӣ меомӯзанд ва дар охир дар ин марказҳо ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар маҳаллаи "Темурмалик"-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди истифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтарҳи гуногун ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.

Дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати ҶДММ “Сохтмони Кабир” корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ ҷараён дорад. Иқдоми бунёди чунин корхонаи саноатии воридотивазкунанда аз ҷониби соҳибкор ва сохтмончии ватанӣ Комил Турдибоев ба даст гирифта шуда, ширкати мазкур дар ояндаи наздик тамоми иншооти бузурги бо конструксияҳои оҳанӣ сохташавандаро дар дохили кишвар роҳандозӣ менамояд. Ширкат дар ин самт аллакай таҷриба кофӣ ба даст оварда дар иншооти гуногуни мамлакат, аз ҷумла чойхонаи “Қасри Арбоб”, Маҷмааи “Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд, “Қалъаи Хуҷанд”, Мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва дар барафрохтани беш аз 25 адад Парчами миллӣ дар шаҳру навоҳии кишвар саҳми муносиб гузоштааст.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии «Садаф, ки дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд» бунёд шуда истодааст, ошноӣ пайдо карда шуд.

Ин иқдом аз ҷониби муассиси ҶДММ “Садаф” Наимҷон Тўраев гирифта шуда, дар ояндаи наздик баъди истифодадиҳии он дар ин маркази ташхисию табобатӣ маҷмуъи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рўй, гузоштани имплантат, дармонгоҳи кўдакона, шуъбаи асаб, шуъбаи бемориҳои дил ва ғайраҳо роҳандоза карда мешавад. Ба марказ мутахасисони баландихтисоси соҳа ҷалб карда мешавад. Оянда 40 нафар соҳибтахассусон дар ин марказ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.

Бинои Марказ аз 4 ошёна ибора буда, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмони ширкатҳо ҷиҳати анҷом додани корҳо бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон ҷиҳти батартибдарории ҳудуди иншооти ҷашнӣ, тақвияти корҳои ободонӣ, зеббхшӣ ва сабзкорӣ дастурҳо дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд