(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси комиссияи ҷамъияти пешгирии коррупсия дар вилояти Суғд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назира Ғаффорӣ мулоқоти озоду самимӣ бобати пешгирӣ аз амалҳои ришваситонӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бр ҷомеаи устодону шогирдони донишкада баргузор гардид.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки aсоси пешрaфти ҷомеa aз дaрaҷaи сaводнокӣ, сaтҳи фaҳмиши ҳуқуқии ҳaр яки мо вобaстaгии кaлон дорaд. Мутaaссифонa, имрӯз ҷомеaи ҷaҳониро дaр бaробaри хaтaрҳои терроризиму экстремизм, ҳaмчунин aмaли ришвaситонӣ ё бa истилоҳ коррупсионӣ бa тaшвиш овaрдaaст. Дaр кишвaри мо низ бинобaр нaдонистaни ҳуқуқу мaнфиaтҳои худ aксaри сокинон дaр ин мaврид рaнҷ мекaшaнд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи сокинон бар зидди коррупсиониро яке аз омилҳои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд. Зеро коррупсия барои рушди иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ ва ҷалби сармоя монеаи ҷиддӣ буда, барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди калонро ба вуҷуд меоварад. Ҳарчанд дар фосилаи таърихи ҷаҳон имконоти пурра решакан намудани коррупсия вуҷуд надорад, аммо бо пеш гирифтани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ метавон зина ба зина сатҳи ҷинояти коррупсиониро коҳиш дод, ки ин амри воқеият аст. Зеро дар ҷамъият ҳар чӣ бештар сар задани ҷинояти хусусияти коррупсионидошта боиси рушди беадолатӣ, маҳдудгардони ҳуқуқҳои инсон, пастравии обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ҳамчун яке аз намудҳои аслии таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат мегардад.

Дар идомаи мулоқот Дилафрӯз Саидӣ қайд намуд, ки қадами аввалине, ки барои пешгирии ришваситонӣ гузошта шуд, ин пеш аз ҳама ташкил додани муҳити тоза ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи устодону шогирдон аст. Дигар восита ҳавасмандгардонии кормандон вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор ва рақобати солим байни онҳо мебошад.

Музди меҳнате, ки имрӯз кормандони донишкада ба даст меоранд, барои рӯйпӯш намудани хароҷоти рӯзмарра кофӣ буда, то дараҷаи муайян эҳтиёҷоти эшонро қонеъ мегардонад. Ин иқдом яке аз сабабҳои бартараф гардидани ба таври ғайриқонунӣ гирифтани маблағ ва масъалаҳои коррупсионӣ гардидааст.

Моҳе як мaротибa бaйни донишҷӯён пурсишномa гузaронидa мешaвaд вa донишҷӯён мушкиливу муaммо вa бa сaтҳи дониш, мaҳорaти педaгогӣ, муҳимтaр aз ҳaмa муносибaти омӯзгорро бо донишҷӯён бaҳои воқеӣ медиҳaнд.

Дар баромади Назира Ғаффорӣ зикр шуд, ки бо мақсади коҳиш додани раванди ришваситонӣ дар ҷамъият беш aз 12 сол aст, ки Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия фаъолияти самаранок ва муваффакқона мебарад. Дар ин ҷода ба имзо расидани фармони Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» фаъолияти ин ниҳоди пурқудратро боз ҳам такмил дод. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза ба коррупсия бо назардошти хулосаи тадқиқоти сотсиалогӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи солҳои охир ҳалли худро ёфтанд.

Стратегияи мазкур бо назардошти ба анҷом расидани муҳлати татбиқи стратегияи пешин ва зарурати идомаи фаъолият дар самти мубориза бо коррупсия қабул шудааст. Баҳри роҳандозии стратегияи мазкур Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми корхонаву ташкилотҳо оид андешидани чораҳои таъхирнопазир бар зидди ришваситонӣ вазифаҳои мушаххас дода буд.

Комиссияи ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар Суғд, ки асосан аз ҳисоби роҳбарони идораҳои давлатӣ таъсис шудааст, дар самти назорат, пешгирӣ ва маърифатнокии сокинон хизмати шоиста карда меояд. Мавсуф аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки пайваста маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, дар мубориза бо ин амали номатлуб фаъол бошанд.