(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Сирдарё» соли 2009 таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.

Муассиси корхона бо роҳандозии хату таҷҳизоти муосири технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ мондааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот, рехтану банду басти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, хатҳои технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250 грамма, 1 литра ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар роҳандозии бомароми чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ баҳои баланд дод.

Таъкид шуд, ки дар корхонаи «Сирдарё» бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд. Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад. Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.

Соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат, ба банду басту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мемонанд.

Ба маҳсулоти корхона харидорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ менамоянд ва афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешаванд.

Алҳол ҳамарӯза коркарди 20 тонна зардолуи пешпазаки ноҳияи Ашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, бо сифати баланд пешкаши харидорон намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки бо иқдоми соҳибкорони ин ширкат дар шафати корхона хати оби тоза ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза садҳо нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз он ройгон истифода менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд