(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори калони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маросими супоридани стипендияҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гирандагони стипендияро бо Рўзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон нерўи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерўи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишварамон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ таҳти роҳнамоиҳои Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон ҷиҳати ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши муассири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандўсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд. Аз ин хотир эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷўҳи ҳамарўза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон фаъолияти асосии рўзгори аҳли ҷомеаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки дар давоми соли хониши 2022-2023 дар таҳсил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд, сарфароз намудани онҳо бо стипендияи Раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар анҷоми суханронии худ Фирдавс Шарифзода аз ҷавонон изҳори умедворӣ намуд, ки эшон аз ҳидоятҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўҳу илҳоми тоза гирифта, рисолати аслии худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар рўзгору фаъолияти хеш ба таври зарурӣ ба анҷом мерасонед. Ба омўхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро азбар менамоед, Ватанро аз ҷон дўсттар, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром ва ба боварию эътимоди Сарвари давлатамон ҳамеша сазовор мешавед. Дар замони тараққиёти босуръати илму техника ва азхудкунии технологияи муосир, ба омўхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати воло ва эҳсоси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар пешрафти ҳама соҳаҳои кишвари соҳибистиқлоламон саҳми боз ҳам арзишманд мегузоред ва ба истиқболи ҷашни бошукўҳи миллат 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурдаи хешро ба роҳ мемонед.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз ҷониби шаҳрдор Фирдавс Шарифзода гувоҳнома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Оиша Солеҳзода, хонандаи МТМУ №11-и шаҳри Хуҷанд ва ва Мирзодалер Хуршедзода, варзишгар барои дастгирӣ ва ҳавасмандии доимии ҷавонони болаёқат ва варзишгарони номӣ ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд