(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 04.05.2023, №257 “Дар бораи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” бо иқдоми бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба заврақронӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008, 2009 ва хурд оғоз ғардид.

Мусобиқа дар дарёи "Сир"-и шаҳр гузаронида шуда, дар он зиёда аз 80 нафар мухлисони ин намуд иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии заврақронӣ доир гардида, он дар масофаҳои К-1 200м, К-1 500м, К-1 1000м, С-1 200м, С-1 500, С-1 1000м ва масофаҳои К-2 500м, 1000м, С-2 500м,1000м байни духтарон ва писарон аз рўи барномаи ВП-1 гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузори мусобиқа ин беҳдошти тарбияи ватандўстии ҷавонон, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди намуди қаиқронӣ, ҷалби бештари омма ба ин намуд, дарёфти чеҳраҳои нав, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон ва пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон ба ҳисоб меравад.