(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд Дави миллӣ доир карда мешавад.

Чорабинии варзишӣ дар маркази вилоят —​ шаҳри Хуҷанд​ 21 май, соати 07:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ доир мешавад.

Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.

Таъкид мешавад, ки мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд