(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров якчанд нафар ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр мавриди аёдат қарор дода шуданд.

Ба аёдатшудагон Маҷид Шарипов, Қутфинисо Раҳмонова, Самия Азизова, Бибифайзӣ Қодирова, Марҳамат Бобоҷонова ва Фотима Шукурова кӯмакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 4000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2000 сомонӣ ва маводҳои ниёзи аввалияву тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров зимни сӯҳбати самимӣ бо ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр эшонро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осударо таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамуда инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд