(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд маросими видоъ бо Раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанги интернатсионалисти вилоят Комилҷон Содиқов баргузор гардид.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар маросими видоъ иштирок намуда, номаи тасаллияти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи пайвандон ва ҳозирин расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар маросими видоъ суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанги интернатсионалисти вилояти Суғд Комилҷон Содиқов баҳри ҳифзи иҷтимоии ҷанговарони интернатсионалист, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, аёдати оилаҳои дар ҷанги Афғонистон шаҳидгашта, абадӣ гардонидани хотири шаҳидон ҷанг ва дигар амалҳои ибратбахш анҷом дода, дар дили ҳамагон бо кору амали нек нақши муассир гузоштааст.

Мавсуф ҷамоатчии фаъол, яке аз чеҳраҳои намоёни шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ буд, ки бо амалҳои ташаббускоронаю хайрхоҳона намунаи ибрат ба насли ҷавони имрӯза буд.

Бояд қайд намуд, ки Раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанги интернатсионалисти вилояти Суғд Комилҷон Содиқов 17 ноябр соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ва омӯзишгоҳи техникӣ, соли 1979 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешавад. Баъди гузаштани курси омодагӣ, дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон хизмат намуда, барои корномаҳояш бо якчанд ордену медалҳо қадршиносӣ мешавад.

Баъди бозгашт аз ҷанги Афғонистон, яке аз ташаббускорон ва созмондиҳандагони Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанги интернатсионалист гардида, то ба вазифаи Раиси ин Шӯро мерасад ва то дами вопасини умр дар маснади Раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанги интернатсионалисти вилояти Суғд сарбаландона ифои вазифа намудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд