(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки аҳли маҳаллаи “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд маросими расми кушоди лавҳаи хотиравӣ ва иваз намудани номи кўчаи Александр Грибоедови шаҳри Хуҷанд ба номи Иштирокчии ҶБВ Қодир Раҳимов баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросими ивази номи кӯча ба иштирокчии ҶБВ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам – умуман шахсиятҳои хирадпеша ва ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баровардани онҳо, яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият, натиҷаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Омўзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст. Пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва муҳофизони Ватан ба ҳукми анъана даромадааст. Номгузории кўчаи Александр Грибоедови маҳаллаи “Сайҳун” ва пардабардорӣ аз лавҳаи ёдбуди шахси накўном, Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қодир Раҳимов, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳру вилоят рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дархости пайвандон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 21-уми октябри соли 2019, таҳти №337 ивазшавии номи кўчаи Александр Грибоедов ба номи Қодир Раҳимов ба тасвиб расидааст.

Дар вазъияти тантанавӣ, парда аз лавҳаи хотиравӣ бардошта шуд.

Сипас, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, собиқадори соҳаи маориф Абдуғафур Дадобоев ва фарзанди Қодир Раҳимов – Абдуқаҳҳор Раҳимов баромад намуда, ин иқдомро дастгирӣ карда, аз хидматҳои шоёни мавсуф ёдоварӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Қодир Раҳимов 10-уми марти соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Соли 1931 ба мактаби миёна дохил шуда, онро соли 1941 бо муваффақият хатм кардааст. Соли 1942 Қодир Раҳимов ба коммисириати ҳарбии вилояти Суғд муроҷиат намудааст, то ки ўро барои ҳимояи ватан ба фронт фиристонанд. Дар асоси муроҷиат ўро ба фронт барои муҳофизати ватани азизаш фиристода шудааст.

Қодир Раҳимов дар муҳорибаҳо иштирок намуда маҳорати мардӣ ва ҷасуриро бар зидди фашизм нишон додааст. Дар вақти муҳориба дар шаҳри Смоленск ярадор гардида, ба дасти фашистон асир афтодааст ва ўро дар лагери консентратсионии Полша ҷойгир кардаанд. Аз асирӣ роҳи гурезро дарёфт намуда, ба сафи партизанони муқовиматии Фаронса дохил гардида, сипас дар отряди партизанӣ бар зидди фашизм ҷангидааст. Дар ин ҷанг Қодир Раҳимов қаҳрамониҳои зиёдеро нишон додааст.

Ҳукумати Фаронса ҷасорати ўро ба назар гирифта бо мукофоти Салиби сурхи “Комбатан Волонтер”, бахшида ба 50-солагии озодшавии Фаронса бо Нишони фахрӣ сарфароз гардонида шудааст.

Қодир Раҳимов аъзои шўрои кумитаи шўравии ҷанговарони муқобилия-ти ҳаракати фаронсавӣ буда, 17-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Флерс бо тантана ба ў нишони фахрӣ супорида шудааст. Дар солҳои баъди ҷангӣ бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1-ум, нишони Жуков ва ҳафт маротиба бо нишони ҷашнӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Ў ягона шаҳрванди Осиёи миёна буд, ки нафақагирандаи дукуратаи Тоҷикистону Фаронса ва шаҳрванди фахрии Фаронса будааст.
Қодир Раҳимов 21-уми марти соли 2005 дар синни 81- солагиаш вафот кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд