(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Ғалаба маҳфили ватандӯстӣ сурат гирифт.

Дар маҳфил доир ба аҳамияти Рӯзи Ғалаба, дӯст доштани сарзамин, ҳифзи сарҳад, расидан ба қадри сулҳу ваҳдат, ватанпарварӣ аз ҷониби мураббияи гуруҳ маълумот дода шуда, тарбиятгирандагон шеъру тарона ва сурудҳои ватандўстона хонданд.

Таъкид гардид, ки боиси ифтихори мост, ки паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд. Пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маъмурияти муасисаи таълимӣ чорабиниро мушоҳида намуда, ба мазмуни баргузории он баҳои баланд доданд.