(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулин бахши иқтисодии шаҳрдорӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, сармуҳосибони муассисаҳо мулоқоти намояндаи КВД БА “Амонатбонк” Завқиддин Умарзода баргузор гардид.

Завқиддин Умарзода, намояндаи КВД Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар зимни ироаи Паём дар даробари дигар соҳаҳо ба соҳаи бонкдорӣ низ дахл карда шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд. Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод.

Ҳарчанд ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2021-ум қариб 28 фоиз зиёд мебошад, вале ҳанӯз ба талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯ нест. Ҳаҷми қарзҳои дар соли 2022 аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорон додашуда 14,1 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 85 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Завқиддин Умарзода аз фаъолияти имрўзаи густурдаи КВД Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» низ иттилоъи бештар дода аз ҷумла афзуд, ки «Амонатбонк» бо истифода аз иқтидори худ, яъне шабакаҳои Бонк, ки зиёда аз 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасониро ташкил мекунанд, дар тамоми қаламрави кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва вусъати бештар ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ, фароҳам овардани шароит барои дастрасии аҳолӣ ба маблағгузориҳои қарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, пешгирӣ ва идоракунии хавфҳои бонкӣ, аз ҷумла хавфи қарзӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Таъкид шуд, ки имрӯз “Амонатбонк” бо мақсади қулай ва дастрас намудани хизматрасониҳо пардохти ғайринақдиро роҳандозӣ намудааст, ки ба манфиати умум ва талаби замон аст.

Дар мулоқот раиси филиаои КВД БА "Амонатбонк" дар шаҳри Хуҷанд низ баромад намуда, доир ба имконот ва имёзоти бонк зимни хизматрасонӣ маълумот дод.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодоти ҷолиб ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд