(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар майдони назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт” Малоҳат Рустамзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарони беш аз 100 адад корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Соҳибкорон намунаҳои маҳсулот ва хизматрасониҳои худро пешниҳоди меҳмонон намуданд. Ҳамзамон маҳсули дастии ҳунармандӣ низ ба намоиш гузошта шуда, теъдоди зиёди ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят дар озмун ширкати фаъолона доштанд.

Баъди шиносоӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамзамон дар доираи таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст.

Дар озмун 96 корхона ва ташкилоти хизматрасон бо 105 номгўйи маҳсулот иштирок намуданд. Озмун аз рўи номгўи зерин гузаронида шуд:

- маҳсулоти хўрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию-техникӣ
- хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии нуқтаҳои савдо.

Дар натиҷаи хулосаи комиссия 26 корхонаю ташкилот ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд