(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altCубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳр ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум, захираи маҳсулот ба зимистон бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳафтаи сипаригардида, арзон пешниҳод шуда, фаровонии маҳсулоти деҳқонон эҳсос мегардид.

Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъанаа даромадааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд