(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи баргузории Аксияи вилоятии ҳарбӣ – ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!” имрӯз 28 апрели соли 2023 дар толори хурди факултети фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили навбатии доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Рози Бону» дар мавзӯи “Нақши занон дар тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон” баргузор гардид.

Дар кори маҳфил бонувони барӯманди ҳизбӣ, фаъолазанҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, шӯрои фаъолзанони кумиҷроия иштирок намуданд.

Маҳфили мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гендерӣ ва таҳкими оила, дастгирии занону духтарон, қадршиносию саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳрӣ Дилрабо Қурбонова оғоз намуда, мақсади баргузории онро ба ҳозирин фаҳмонид ва доир ба рӯзномаи маҳфил маърӯзаҳои пурмӯҳтаво шунида шуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, ба модарони сарбозон, ки хизмати Ватанро адо намудаанд, Раҳматнома ва ба сарбозон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро тақдим намуд. Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ ба шахсони нав ба сафи ҳизб дохилшуда супорида шуд.

Воқеан занону модарон оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллатанд. Зан-Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд. Таърихи башарияти ҷаҳон бо номи Зан-Модар ҳамбастагии зич дорад. Тарбияи насли навраси имрӯза пойдевори ояндаи ҷамъияти мо мебошад. Ва имрӯз дар тарбияи насли наврас ҳиссаи модарон хело калон аст. Занон ҳамчун ташвиқгару тарѓибгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ буда, дар самти тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию ватандӯстӣ саҳми муносиб доранд.

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо…