(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини дахлдор ҷаласаи Комиссияи фавқуллодаи зиддиэпидемикии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Нахуст Азаматхўҷа Воҳидов, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни оғоз бхшида, роҷеъ ба пешгирии бемории ҳорӣ ва пурзўркунии чорабиниҳо зидди захмбардории аҳолӣ аз ҳайвонот маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки инсон баъд аз ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба бемории ҳорӣ ё худ ба бемории обтарсак гирифтор мешавад.

Бемории ҳорӣ яке аз бемориҳои шадиди вирусие мебошад, ки ба гурӯҳи ниҳоят хавфнок ворид шудааст. Дар ҳолати сари вақт муроҷиат накардани шахс ба муассисаҳои тандурустӣ инсон ба ҳалокат мерасад. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба паҳншавии ин беморӣ ва оқибатҳои он аз соли 2007 ҳамасола 28 сентябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ҳорӣ (бешенства) таҷлил карда мешавад. Ин рӯзро Иттиҳодияи байналмилалӣ оид ба назорати бемории ҳорӣ (Global Alliance for Rabies Control) таъсис дода, бо дастгирии як зумра ташкилотҳои тандурустӣ он ҳамасола таҷлил карда мешавад. Таҷлилии ин сана ба рӯзи вафоти микробиологи маъруф Луи Пастер, ки яке аз асосгузорони ваксина бар зидди бемории ҳорӣ мебошад, бахшида шудааст.

Таъкид шуд, ки миёни мардум андешае мавҷуд аст, ки «саг дӯсти вафодори инсон аст». Бале, дар бисёр ҳолатҳо чунин аст. Аммо вақтҳои охир садоҳое ба гӯш мерасанд, ки саге ба як нафар ҳамла кардасту дигаре аз ҷароҳатҳои гуногун баъд аз ҳамлаи саг ба ҳалокат расидааст.

Бемории ҳорӣ на танҳо аз саг метавонад сироят шавад, балки аз гурбаҳо, чорвои калони шохдор, моли майда ба монанди гӯсфанд, буз, маркаб, ҳато кӯршапарак низ гузашта метавонад. Тавре медонем, дар бисёр хонаҳо сагу гурба ва дигар чорвои хонагӣ мавҷуданд, ки одамон онҳоро нигоҳубин мекунанд. Аз ин рӯ, шахсоне, ки ба нигоҳубини ҳайвонот сару кор доранд, бояд ба духтурони ветеринар муроҷиат кунанд ва барои пешгирии ин беморӣ онҳоро бо эмкунии профилактикӣ фаро гиранд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссияи фавқуллодаи зиддиэпидемикии шаҳри Хуҷанд масоили марбут ба пешгирӣ ва пурзўркунии чорабиниҳои зидди бемориии зардпарвини намуди «А» ва пешгирӣ ва пурзўркунии чорабиниҳои зидди бемории бо ваксина идорашаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки баҳри кам кардани чунин ҳолатҳои сироятёбӣ масъулинро зарур аст, ки пайваста бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намоянд ва маърифати шаҳрвнадонро дар ин самт боло бардоранд.

Дар кори ҷаласа намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдумуталиб Каримов иштирок ва баромад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд