(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, мудирони шуъбаву сохторҳои шаҳрдорӣ, комисари ҳарбии шаҳр, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва дигар масъулин баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳолати иҷрои нақшаи даъвати баҳоронаи наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд. Таъкид шуд, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми марти соли равон даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардид. Мояи ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат сулҳу ҳукмфармо буда, мардум дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд.

Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз ҳамчун шахсият шинохта шудани мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ расидан, шукри соҳибватанию соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Сипас раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода аз рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳорона маълумоти муфассал дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни вазифагузорӣ бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ беҳтар шуда, дар ин радиф шумораи ҷавонони бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванда низ рӯ ба афзоиш дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омодааст, ки тамоми мушкилоти дар ин самт ба миёномадаро дар навбати аввал ҳаллу баррасӣ кунад, зеро ҳимояи марзу буми сарзамин аз тамоми арзишҳо боло меистад.

Шаҳрдор дар анҷоми ҷаласа ба масъулини дахлдор ҷиҳати сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд