(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСоли 2023 бори аввал Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар байни хонандагони муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 ҷой зиёд гардида, миқдори умумии онҳо ба 132 ҷойи ифтихорӣ расид.

Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расид.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ ба 84 адад расид.

Имрўзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд даври мактабии ин озмуни ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад. Дар МТМУ №2 ва 5-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи хонандагон даврии мактабии ин озмун сурат гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар он шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» беш аз 200 ҳазор нафар аз ҷумлаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёну магистрантон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Интизор меравад, ки соли равон шумораи иштирокчиёни озмун боз ҳам зиёд гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд