(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 85 солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наима Муъминова бо иштироки шахсиятҳои шинохта, барӯманд ва аҳли ҷомеаи маориф маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд маҳфилро ҳусни оғоз бхшида, аз роҳи тайкардаи Наима Муъминова ва саҳми боризи он кас дар рушди соҳаи маориф, тарбияву ба камолрасонии кадрҳои баландихтисос ҳарф зада, онро намунаи олӣ барои насли имрӯзаи соҳаи маориф унвон намуд.

Аз ҷониби Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 85 солагии Аълочии маорифи мамлакат Наима Муъминова ироа карда шуд. Ҳамзамон Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати 85 солагии мавсуф ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Муъминова Наима Мамадҷоновна 22 апрели соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаанд. Пас аз хатми мактаби ҳафтсолаба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1956 бо дипломи аъло хатм намуд.

Наима Мамадҷоновна баъди хатми омӯзишгоҳи педагогӣ соли 1956 ба факултаи физика ва асосҳои истеҳсолоти Донишкадаи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1961 онро бомуваффақият хатм менамоянд.

Фаъолияти педагогии ӯ соли 1961 дар мактаби ҳаштсолаи №1 ҳамчун омӯзгори фанни физика оғоз мегардад. Сипас, ду сол дар мактаби миёнаи №20 омӯзгори фанни физика ва астраномия шуда кор мекунанд. Соли 1966 муаллима ба аъзогии ҳизби коммунист қабул мешаванд. Қобилияти ташкилотчигииашонро ба назар гирифта, аввал раиси иттифоқи касаба, баъдтар котиби ташкилоти ҳизби комунистии мактаби мазкур интихоб менамоянд ва дар як вақт аъзои пленуми комитети ҳизбии шаҳр интихоб мешаванд. Муаллимаро дар мактаби захираи кадрҳои роҳбарикунанда тарбия намуда, соли 1976 сарвари мактаби ҳаштсолаи №2 таъин мекунанд. Дар давоми сарвариашон мактаб хеле обод шуда, утоқи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, ҳамчунин ошхона ба тариқи ҳашар сохта ба истифода дода мешавад. Дар ҷамъбасти соли хониш дар мусобиқаи байни мактабҳои шаҳр мактаби мазкур ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Сипас, аз соли 1978 то 1982 дар мактаби миёнаи №3 сарварӣ менамояд. Фаъолияти мактаб дар баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия сазовори байрақи сайёри шуъбаи маорифи шаҳр гашта, ҳамзамон дар «Тахтаи фахрии шаҳрӣ» номи мактаб ҳамчун ғолиби мусобиқа сабт мегардад.

Аз соли 1982 Наима Муъминова мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъин шуда, пеш аз ҳама масъалаи кадрҳои шуъбаи маорифро дида мебароянд ва шахсони кордону педагогҳои бомаҳоратро ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд, ки кадрҳои болаёқати интихобнамудаашон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҷоннок намудани кору фаъолияти мактабҳо саҳми арзанда мегузоранд. Дар шаҳр барои ҳамаи фанҳо мактабҳои такягоҳӣ ташкил карда мешаванд. Баъд аз ду соли фаъолияти кории муаллима дар шуъбаи маорифи халқии шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои кор назаррас шуда, он дар мусобиқаи байни шуъбаҳои маорифи шаҳру наоҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷамъбаст ва тайёрии мактабҳо ба соли хониши 1983-1984 ба гирифтани Байрақи сайёри Совети вазирони ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1986 бошад, ҷойи дуюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1988 байрақи сайёри Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон сазовор мегардад.

Наима Муъминова моҳи октябри соли 1988 ба вазифаи директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 таъин мешаванд ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тамоми чораҳоро меандешанд. Соли 1990-1991 имтиҳони хатм ва қабул ба донишгоҳ дар мактаби мазкур филиали кафедраи корҳои тарбиявӣ ташкил шуда, дар асоси таҷрибаи кории мактаби миёнаи №825 шаҳри Москва тибқи барномаи махсус дар мактаб синфи педагогӣ таъсис меёбад. Дар ин синф олимон ва устодони донишгоҳ ҳам дарс медоданд. Соли 1992 аз 23 нафар 18 нафар хонандагони ин синф баъди бомуваффақият дар як вақт супоридани имтиҳонҳои хатмкунии мактаби миёна ба ДДХ бе имтиҳони дохилшавӣ қабул мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки зиёда аз садҳо нафар шогирдони муаллима аз пайи он кас рафта, ҳамчун омӯзгор ва директор дар мактабҳои шаҳр фаъолият мебаранд. Ба монанди: директори мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Матлуба Муинова, собиқ директори Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова, директори мактаби «Ирфон» Матлуба Собирова ва даҳҳо дигарон мебошанд.

Зикр шуд, ки Наима Муъминова дар тарбия ва ҷобаҷогузории шогирдон, тарғибу усулҳои нави таълим, коркарди барномаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳи омӯзгорӣ ва бо кумитаи падару модарон хизмати арзанда намудааст. Аз соли 1982 то соли 1992 депутати халқии шаҳри Хуҷанд, вакили съезди ҳафтуми муаллимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии вохӯрии фаъолзанон бо Президенти кишвар дар арафаи Иди 8-марти соли 2006, Иштирокчии Маҷлиси тантанавии 15-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи “Борбад” соли 2007, аъзои Шӯрои маориф дар солҳои 2007 – 2008, нафақахӯри шахсии аҳамияти вилоятидошта аз соли 1994, аъзои Шӯрои занон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, аъзои ҲХДТ, аъзои шӯрои занони ҲХДТ дар вилояти Суғд мебошанд. Имрӯзҳо низ омӯзгори варзида, педагоги бомаҳорату пуртаҷриба, ташкилотчии моҳир, машваратгари муллимони ҷавон ба тарбияи насли наврас машғул буда, ҳамчун равоншинос дар МТМУ №12 фаъолият мебарад.

Гулбаҳор Назирӣ, муовини Раиси Бонки милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биҳоҷал Раҳимова, шаҳрвандии фахрии шаҳри Хуҷанд аз роҳи тайнамудаи соҳибҷашн ёдоврӣ намуданд. Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилоят Номаи муборакбодии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зуфар Исмоилзода, Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати 85 солагии Аълочии маорифи мамлакат Наима Муъминова ба самъи ҳозирин расонданд. Устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Раҳимҷон Назаров ва омӯзгори литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба соҳибмактабии Наима Муъминова ва тарбияи шогирдони зиёд дар соҳаи маориф маълумот доданд.

Таъкид шуд, ки Наима Муъминова барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маориф бо медали «Барои меҳнати шоён» солҳои 1970,1990 Ифтихорномаҳои ҳукумату вилояту шаҳр, аз соли 1986 бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал бахшида ба 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадр карда шудааст. Обрӯю эътибори устоди муҳтарам, омӯзгори асил, тарбиятгари садҳо омӯзгорон дар байни маорифчиён ва ҷомеа аз меҳнати ҳалол, дониши баланд, рафтору гуфтори нек ва педагоги асил буданаш мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ Наима Муъминова барои таваҷуҳи доимӣ ба собиқадорон ва арҷгузорӣ ба хизмати онҳо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд