(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври факултавии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он наздик ба 200 нафар ба даври донишкадавии озмун роҳхат гирифтанд.

Бо ҷалби устодони донишкада марҳилаи баъдинаи он аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар факултети информатика ва энергетика баргузор гардид.

Ғолибони марҳилаи аввал бо донишу фаҳмиш ва идроки худ ба саволҳои устодон вобаста ба мавзӯи дилхоҳ посухҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шуда, сол ба сол теъдоди иштирокчиён зиёд мегардад. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад.