(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи солеҳони имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолият, амну осоиштагӣ ва оромию шукуфоии сарзамин дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози Иди саиди Фитрро хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки мардуми вилоят дар моҳи мубораки Рамазон дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони халқ тақвият бахшида, суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба анҷоми корҳои нек ва ба анъана табдил ёфтани дастгирии шахсони ниёзманд, аз ҷумла таъкид намудаанд:
«Дар арафа ва рӯзи Иди саиди Фитр анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст».

Дар баробари ин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию ободонӣ, аз қабили бунёди боғу токзор, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, роҳу пулҳо зиёд гардида, таваҷҷуҳ ба сарфакорона истифода бурдани замин зиёд гардид. Чунин ташаббусҳои инсондӯстона ва иқдомҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон ва соҳибкорони ватандӯст қобили таҳсин ва шоистаи дастгирӣ буда, бешубҳа барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, «дар шароити имрӯза, ки бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастархони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд».

Дар анҷоми суханронии худ Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар баробари ин, сокинони вилоятро зарур аст, ки ҳангоми баргузор намудани маросиму маъракаҳо аз оростани дастархони серхарҷу намоишкорона худдорӣ намуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят минбаъд низ дар рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат аз ҳарвақта бештар талош меварзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд