(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз барои 231 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ба номи Сироҷиддин Тоҷибоеви шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста шуда, тӯҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷмуи сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд, тақдим гардид.

Зимни тақдими тӯҳфаҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд доимӣ буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди нигоҳубин, таҳсил ва табобату тавонбахшӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Омӯзгорону парасторон ва волидайни тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур барои ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯз ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳа буда, биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмиру навсозӣ карда шудааст. Маводи ғизоӣ, сару либос ва лавозимоти зарурии таълим бошад, саривақт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сарпарасон дастрас карда мешавад.

Дар Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ки таълму тарбия дар асоси барномаи махсус бароҳ монда шудааст, маҳфилҳои касбомӯзӣ амал мекунанд. Дар ин ҷо барои соҳибкасб шудани 146 нафар писар ҳунари челонгарию дуредгарӣ ва барои 84 нафар дӯхтар ҳунари зардӯзӣ, кешбофӣ ва қолинбофӣ омӯзонида мешавад.

Дар ин рӯз шодию нишоти зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагони Комплекси кӯдакистон - мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босирашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд ҳам бе ҳадду канор буд. Зеро барои онҳо даструхони пурнозу неъмат ороста, тӯҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз маҷмуи сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд, тақдим намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд таҳти ғамхорию сарпарастии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар кулли мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла ҷиҳати беҳтар намудани сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд