(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАмирҷон Юсупов ва Исмоил Тоҷибоев сарбозони қисми низомии 0104-и Қушунҳои сарҳадӣ воқеъ дар ноҳияи Турсунзода, ки барои мураххасӣ ё худ ба истилоҳ «отпуск» ба зодгоҳашон шаҳри Хуҷанд омада буданд, бо даъвати маъмурияти МТМУ №6, ки ҳарду он ҷоро хатм намуда буда, бо хоҳиши худ ба сафии Артиши миллӣ номнавис гардида буданд, барои мулоқот бо хонандагони синфҳои болоӣ даъват шуданд.

Ин ду сарабози шуҷои ватанро бо модарашон аҳли хонандагон бо кафкўбӣ ва гулу гулдаста ботантана пешвоз гирифтанд. Ин ҷавонони боғурури хоса ва сарбаландона вориди дабистонашон шуда, бо хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ суҳбати озоду ошкор доир ба хизмати ҳарбӣ намуданд.

Маъмурияти муассисаи таълимӣ чорабиниро оғоз намуда, таъкид дошт, ки ҳар ҷавонмарди синни аз ҳаждаҳ боло аллакай ҳимоятгари оилаи худ, дўстону ҳамсолони худ, маҳалли худ, зодгоҳу давлати худ мегардад. Ҷисму рўҳи қавии ҳар ҷавонмард аз поктинатию бовиҷдонии ў, ғурури баланди миллӣ доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Чун ба ҷавонони ин синну сол менигарем, яқин боварӣ ҳосил мекунем, ки дар ҳақиқат, ватанамон ҷавонони шуҷоъ, ҷасур ва бонанг дорад. Илова ба ин, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизу муқаддаси моро ҷавонону мардони бовиқор нигаҳ медоранд. Аз он ифтихор дорем, ки волидайни нексиришт фарзандони паҳлавону қавиирода, нотарсу далер ва шуҷоъро тарбия додаанд.

Сипас, Амирҷон Юсупов ва Исмоил Тоҷибоев сарбозони қисми низомии 0104-и Қушунҳои сарҳадӣ баромад намуда, доир ба вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳои мамлакат нақлҳо намуданд.

Хонандагон бо суолҳои худ аз онҳо доир ба шарту шароити хизмати ҳарбӣ маълумотҳои ҷолиб гирифтанд.

Таъкид шуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ба ҳар ҷавони синни даъватӣ маҳсуб меёбад. Ифтихор аз он бояд кард, ки ватани мо соҳиби Артиши миллӣ буда, қодир аст дар он ҷавонони бонангро аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву зирак омода гардонад. Ду сол хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати зиндагии осоиштаи хонадони ҳар хизматчӣ, орому осоиштагии кишвар ва ояндаи дурахшони кўдакону ҷавонон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд