(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Иди Рамазон – рӯзи ғамхорӣ ба ҳамагон

Ҳамшаҳриёни азиз, сокинони сарбаланди Хуҷандшаҳр, меҳмонони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, бароятон тандурустии комил, барори кору фаъолият, ободиву саодати рӯзгор ва амалишавии кулли нақшаву ниятҳои некатонро таманно дорам.

Иди Рамазон – Рӯзи саиди Фитр яке аз суннатҳои муқаддаси мардуми мусулмон буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайру созандаро дар худ ифода кардааст. Ин суннати муҳим дар қатори дигар ҷашну маросими милливу мардумӣ дар кишвари ҳамешабаҳори мо ҳамасола чун дар дигар мамолики аҳолиаш мусулмон ба шоистагӣ доир ва таҷлил мегардад.

Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имконияти васеъ гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми хоса дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқоти худ таъкид мекунанд, ки мо имрӯз дар давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини ислом, бахусус, тарғиби дӯстиву муҳаббат ва кӯмаку дастгирии байниҳамдигариро дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Ин аст, ки мардуми шарифи Хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои нек ба хубӣ огоҳ буда, чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук ба дастгирии мӯҳтоҷону ниёзмандон мешитобад ва амалҳои хайрро дар ин моҳ бештар анҷом медиҳад.

Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои таъмини зиндагии шоиста ва иҷрои рукнҳои дини мубини ислом шароиту имконоти муассир фароҳам овардаанд. Ба ин гуфта, имкони ба сафари ҳаҷ рафтани аҳолӣ зиёд шуда, давоми сол сокинони бешумор ба сафари умра мебароянд ва аз ин имконоти бадастомада ба давлату ҳукумат сипоси зиёд мегӯянд.

Кош бо таҷлили ин иди суннатӣ меҳру муҳаббат ва масъулияти мо нисбат ба якдигар ва иҷрои ӯҳдадориҳо дучанд гардад ва ҳамагон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварду муваффақиятҳои бузург истиқбол намоем.

Бори дигар, ҳамаи шумо, сокинон ва меҳмонони азизи шаҳрро ба муносибати Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори ободу босаодат ва ризқу рӯзии фаровон орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак!