(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар арафаи Иди Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба дидорбинии як гуруҳ камбизоатон ва собиқадорони соҳаҳои мухталафи шаҳрдорӣ рафт.

Фирдавс Шарифзода зимни сўҳбат бо Умрӣ Умарова, Гулноза Шодиева, Набӣ Қодиров, Ҳаким Алимов, Муҳаббат Бойматова, Мунаввар Ҳусейнова, Зулфӣ Собирова, Назарбобо Пўлотов ва дигарон аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват кард, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор сохт ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ гардонид. Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.

Таъкид шуд, ки хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву ойинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигар¬фаҳ¬мӣ ва арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои фарҳанги миллиамон истиқбол мегиранд. Сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки қариб се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад. Аз ин хотир, расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Аёдатшудагон Умрӣ Умарова, Гулноза Шодиева, Набӣ Қодиров, Ҳаким Алимов, Муҳаббат Бойматова, Мунаввар Ҳусейнова, Зулфӣ Собирова, Назарбобо Пўлотов ва дигарон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимиашон арзи миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд