(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба корҳои тарбиявӣ машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.

Мавзуъи меҳварии машварат “Пешгирии шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро” буд ва зикр гардид, ки таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои наврасон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аҳли ҷомеа дар ҳамкорӣ бо мактаб доир ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, аз қабили ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим мунтазам чорабиниҳо роҳандозӣ намоянд, то ин ки наврасони мо дар рўҳияи ватандўстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд.

Таъкид шуд, ки дар баробари ин омўзгоронро мебояд баҳри пешгирии наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо роҳу усулҳои нави таъсиррасониро ба роҳ монанд.

Сипас дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовинони тарбиявии сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзуҳои “Президент-кафили сулҳу Ваҳдат”, “Кайҳоннаварди ҷавон”, “Саломатӣ-ганҷи бебаҳо”, Хоксорӣ зиннати инсон аст”, “Мо зидди терроризм ва экстремизм”, “Тани солим-рўҳи солим” ва ғайраҳо гузаронида шуданд. Баъдан машғулиятҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни машварат масоили дигари рўзмарраи соҳа низ мавриди омўзиш қарор гирифт.

Барномаи тарбиявӣ таҳти унвони “Об-сарчашмаи ҳаёт” пешкаши иштирокдорони машварат гардонида шуд.

Хонандагон дар васфи об ва аҳамияти он дар зиндагии рўзмарра шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки об – манбаи барқарории ҳаёт ва идомаи он, рамзи покизагиву ободӣ, файзу баракат ва саодату нишот мебошад.

Мушкилоти норасоии оби тозаи нўшокӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд табдил ёфтааст. Маҳз бо дарназардошти ин ҳолат, дар санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки солҳои охир қабул гардидаанд, маҷмӯи масоили марбут ба об ҷойгоҳи хосса дорад. Норасоии об барои рушди кишварҳо ва халқҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, амнияти озуқаворӣ, баробарии гендерӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, маориф, саноат, иқдомҳои сулҳофарӣ ва амсоли инҳо мушкил эҷод менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд