(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаъди нашри маводи интиқодии Алия Хамидуллина дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир ба муносибати бераҳмона бо саг ва овезон намудани ҷасади он дар сутунпояи барқии баландшиддат бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода он аз ҷониби кормандони мақомоти дохилаи шаҳр фавран мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Маълум гардид, ки ба ин амал фарзанди шаҳрванд Эламатов Ғайрат Мусурмонқулович, ст.1984, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати деҳоти Д.Холматов: ноболиғ Э. А. бо ҳамсинфаш Х. С. хонандагони синфи 6, ҷамоати мазкур даст зада, ин ноболиғон ҳангоми чаронидани мол дар теппагиҳо саги мурдаро ёфта ба чароғпояи баландшиддат овезон намудаанд.

Аз ҷониби кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд маводҳои санҷиширо барои ҳуҷҷатгузорӣ намудан аз рўйи тобеъияти ҷойи воқеа ба кормандони ШММ “Сомғор”-и ШВКД-1 н.Б.Ғафуров супорида шудааст.